Илҳом Баротов мухлисони "Истаравшан"-ро шод кард

Илҳом Баротов мухлисони "Истаравшан"-ро шод кард

Дар доираи даври 16-уми Лигаи Олӣ дастаи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан бо тими "Регар ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода вориди майдони рақобат шуданд. Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир гардида бо ҳисоби бузурги 4:0 ба фоидаи "Истаравшан" ба охир расид. Дар ин бозӣ ҳамлавари дастаи мизбон – Илҳом Баротов дар дақиқаҳои 22, 65 ва 71 ба дарвозаи "Регар" гол зада, хет-трикро ба номи худ сабт намуд. Голи 4-умро бошад, футболбози дигари "Истаравшан" – Абдураҳмон Қурбонов вориди тӯри дарвозаи рақибон намуда, ҳисобро 4:0 сохт ва бо ҳамин натиҷа дастаи "Истаравшан" ғолиб гардид.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум

«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» – 4:0

Голҳо: Илҳом Баротов, 22 (1:0). Илҳом Баротов, 65 (2:0). Илҳом Баротов, 71 (3:0). Абдураҳмон Қурбонов, 87 (4:0).