Илдар Аҳмадиев-дорандаи нишони тиллои Мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон

Илдар Аҳмадиев-дорандаи нишони тиллои Мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон

Варзишгари навъи варзиши сабук аз кишвари мо Илдар Аҳмадиев дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон нишони тилло ба даст овард. Натиҷаи ӯ 7.39 мебошад.

Ҳамчунин нишони биринҷии мусобиқаи номбурдаро Кристина Пронженко соҳиб шуд. Варзишгар тавонист, ки дар масофаи 400 метраи дави озод натиҷаи 1:06.39-ро нишон диҳад. Аз миёни варзишгарони дигари Тоҷикистон шомили панҷгонаи беҳтаринҳо ҳамчунин Леонид Пронженко гардид. Дар масофаи 110 метри дави озод ӯ бо натиҷаи 15.00 зинаи чорумро ишғол намуд. Варзишгарони дигари тоҷик бошанд поёнтар аз зинаи панҷум қарор гирифтанд.

Дар мусобиқа дар умум 200 варзишгар аз 12 кишвари дунё ба шумули Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон, Чин, Ҷопон, Таиланд, Гурҷистон ва Ҳиндустон иштирок доштанд. Имсол мусобиқаро ба хотираи гиромидошти варзишгари ИҶШС Гусман Косанов доир намуда, фонди ҷоизавии он 25 000 долларро ташкил дода буд.

Ғайр аз ин, аз 3-юм то 11-уми июл дар шаҳри Алматои Қазоқистон машқҳои дастаҷамъии даставӣ барои варзишгарони тоҷик гузаронида мешаванд. Баъдан варзишгарони мо дар Чемпионати Осиё дар Таиланд ширкат меварзанд.