Ҷилл Байден ҳайати Амрикоро дар кушодашавии Олимпиада раҳбарӣ мекунад

Ҷилл Байден ҳайати Амрикоро дар кушодашавии Олимпиада раҳбарӣ мекунад

Раисҷумҳури ИМА, Ҷо Байден ҳайати амрикоиро, ки дар ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Токио ширкат меварзад ва ҳамучунин сафари ҳамсарашро ба ин маросимро эълон намуд. Дар ин бора, рӯзи 20 июли соли равон сомонаи Кохи Сафед хабар дод.

"Ҳайатро хонуми аввали Иёлоти Муттаҳида, Ҷилл Байден роҳбарӣ мекунад" гуфт раҳбари Амрико дар изҳорот. Ғайр аз ин, Реймонд Грин, намояндаи сафорати Амрико дар Ҷопон, дар ифтитоҳи бозиҳо ИМА-ро намояндагӣ мекунад. 23 июл дар Токио маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ баргузор мешавад. Кумитаи тадорукоти "Токио 2020" хабар дод, ки дар ташкили Бозиҳои Олимпии Ҷопон 15,4 миллиард доллар харҷ намудааст. Олимпиада ва Паралимпиада дар Токио мебоист аз 24 июл то 9 августи соли 2020 баргузор мешуд. Бо сабаби пандемияи COVID-19, озмун як сол мавқуф гузошта шуд. Акнун онҳо аз 23 июл то 8 августи соли 2021 бидуни иштироки мухлисони хориҷӣ баргузор мешаванд.