ИМА дар Чемпионати ҷаҳон иштирок намекунад

ИМА дар Чемпионати ҷаҳон иштирок намекунад

Тими миллии ИМА бинобар зиёд шудани шумораи сироятёфтагони коронавирус, наметавонад дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гандбол, ки аз 13 то 31 январ дар Миср баргузор мешавад, ширкат варзад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Федератсияи байналмилалии гандбол хабар дод.
Тими ИМА-ро Швейтсария иваз мекунад, ки дар Чемпионати Аврупо мақоми 16-умро ишғол карда буд. Дар марҳилаи муқаддамотӣ, швейтсариҳо дар гурӯҳи E бо дастаҳои Австрия, Норвегия ва Фаронса бозӣ хоҳанд кард. 
Қаблан бо сабаби коронавирус тими Чехия бо мунтахаби Македонияи Шимолӣ иваз карда шуда буд.