ИМА медали тиллои навбатиашро ба даст овард

ИМА медали тиллои навбатиашро ба даст овард

Рақобатҳои шиноварӣ дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 миёни беҳтарин варзишгарони ҷаҳон идома доранд. Имрӯз иштиркчиёни Олимпиада дар 5 навъи шиноварӣ барои бурди медал мубориза бурданд. Дар масофаи 800м дар навъи тарзи озод ба шиноварӣ амрикоӣ Роберт Финке касе баробар шуда натавонист. Ӯ бо нишондоди 7:41.87 сония мақоми аввалро гирифт. Бо тафаввути 0.24 сония медали нуқраро Григорио Палтринйери итолиёвӣ ба даст овард. Михаило Романчук аз Украина сазовори нишони биринҷӣ шуд. 

Бозиҳои олимпии Токио-2020. Шиноварӣ, мардҳо, 800м тарзи озод

Роберт Финке (ИМА)

Грегорио Палтринери (Италия)

Михаил Романчук (Украина)