Ҳимоятгари сербиягӣ ба “Истиқлол” меояд

Ҳимоятгари сербиягӣ ба “Истиқлол” меояд

Бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе феълан дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба марҳилаи дуюми интихобии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2020 омодагӣ дида истодааст. Барои анҷом додани мавсими имсолаи футбол бо натиҷаи назаррас бошгоҳи пойтахт якчанд бозигарони навро ба ҳайт даъват намудааст, ки дар марҳилаи санҷиш қарор доранд. Инҳо бозингарони кишвар Зиевуддин Фузайлов, Рустам Соиров, Беҳрӯз Хайриев, Шаҳром Самиев, дарвозабон Дилшод Додобоев, Марко Милич аз Сербия ва Элдор Бойматов аз Ӯзбекистон ҳастанд.

Хотиррасон мекунем, ки вохӯрии дастаҳои Истиқлоли Тоҷикистон ва Локомотиви Ӯзбекистон дар марҳилаи дуюми интихобии Лигаи чемпионҳои КФО 21-уми январ дар шаҳри Тошканд доир мегардад.

 

 




sma