Имрӯз бозиҳои марҳилаи ҳазфии Лигаи чемпионҳо оғоз мешаванд

Имрӯз бозиҳои марҳилаи ҳазфии Лигаи чемпионҳо оғоз мешаванд

Чанд пеш аллакай мусобиқаи муқаддамотии хурд дар Исландия ташкил шуда буд, ки «Брейдаблик»-и маҳаллӣ ба номзадҳои дигарӣ ҳеҷ имконе надод – инҳо ҳам тимҳои «Тре Пенне» (Сан-Марино), «Будучности» (Черногория) ва «Атлетик» (Андорра) буданд, ки баъдан ба марҳилаи ҳазфии Лигаи Конференсияҳо равона гардиданд.

Ҳамин тариқ, «Брейдаблик» ба сафи 29 тимҳои қаҳрамони кишвари хеш дар марҳилаи якуми ҳазфии Лигаи Чемпионҳо ҳамроҳ мегардад. Дар рақобатҳои иборат аз ду бозӣ рӯзҳои 11/12 ва 18/19-уми июл бошгоҳҳо муайян мекунанд, ки кадоме аз онҳо ба «Роҳи Чемпионҳо» мепайвандад ва кадоме аз онҳо ба марҳилаи ҳазфии Лигаи Конференсиҳо ҳамроҳ мешавад.

Имрӯз, сешанбе, 11-уми июл:

20:00. «Урарту» (Арманистон) - «Зрински» (Босния ва Ҳерсеговина)

20:30. «Линколн» (Гибралтар) - «Қарабоғ» (Озарбойҷон)

21:00. «Жалгирис» (Литва) - «Струга» (Македонияи Шимолӣ)

23:00. «Олимпия» (Любляна, Словения) - «Валмиера» (Латвия)

23:00. «Ракув» (Полша) - «Флора» (Эстония)

23:00. «Хамрун» (Малта) - «Маккаби Хайфа» (Исроил)

23:45. «Клаксвик» (Ҷазираҳои Фарер) - «Ференсварош» (Маҷористон)

23:45. «Баллкани» (Косово) - «Лудогорес» (Булғористон)

23:45. «Партизани» (Албания) - «Батэ» (Белоруссия)

23:45. «Шэмрок Роверс» (Ирландия) - «Брейдаблик» (Исландия)

Пагоҳ, чоршанбе, 12-уми июл:

21:00. «Астана» (Қазоқистон) - «Динамо» (Тбилиси, Гурҷистон)

21:00. «ХИК» (Финляндия) - «Ларне» (Ирландияи Шимолӣ)

22:00. «Хеккен» (Шветсия) - «ТНС» (Уэлс)

22:30. «Фарул» (Руминия) - «Шериф» (Молдова)

23:30. «Слован» (Словакия) - «Свифт» (Люксембург)