Имрӯз бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон баргузор мешавад
Имрӯз, 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпури Малайзия бозии дӯстонаи яккачинҳои Тоҷикистон ва Малайзия баргузор мешавад. Вохӯрии мазкур соати 17:45 бо вақти Душанбе дар назар аст. Инчунин мухлисон имкон доранд, ки бозии мзакурро мустақиман тавассути ТВ “Варзиш” тамошо намоянд.
Бозии дӯстона
9 ноябр (шанбе)
Оғози бозӣ соати 17:45 бо вақти Душанбе
Малайзия – ТОҶИКИСТОН
Куала-Лумпур, Варзишгоҳи марказии Букит Ҷалил