Имрӯз «Истиқлол» ва «Равшан» набард мекунанд

Имрӯз «Истиқлол» ва «Равшан» набард мекунанд

Дар доираи даври 19-уми чемпионати мамлакат оид ба футбол, имрӯз, 18-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ вохӯрии дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» баргузор мегардад. Бозии мазкур соати 18:00 ба инобат гирифта шудааст.

Пас аз 18 даври мусобиқот “Истиқлол”-и Душанбе бо 42 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. “Равшан” бо касби 23 хол дар зинаи ҳафтум ҷойгир аст.