Имрӯз, маросими қуръакашии ЧО -2020 оид ба футзал баргузор мешавад

Имрӯз, маросими қуръакашии ЧО -2020 оид ба футзал баргузор мешавад

Имрӯз, 6-уми декабр дар меҳмонхонаи «Олимпия»-и кишвари Туркманистон маросими қуръакашии марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё-2020 аз 26-уми феврал то 8-уми марти соли 2020 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор мешавад. Дар Чемпионати Осиё-2020 16 даста иштирок мекунад. Панҷ дастаи беҳтарини Осиё ба Чемпионати ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Маросими қуръакашӣ имрӯз, 6-уми декабр соати 15:00 бо вақти Душанбе доир мешавад.

Сабади якум: Туркманистон (мизбон), Эрон, Ҷопон, Ӯзбекистон.

Сабади дуюм: Ливан, Ветнам, Баҳрайн, Таиланд.

Сабади сеюм: Қирғизстон, ТОҶИКИСТОН, Чин, Ҷумҳурии Корея.

Сабади чорум: Арабистони Саудӣ, Индонезия, Кувайт, Уммон.