Имрӯз маросими қуръакашии Ҷоми Осиё -2024 оид ба футзал баргузор мегардад
Имрӯз 14-уми декабр соати 12:00 бо вақти Душанбе маросими қуръакашии Ҷоми футзали Осиё баргузор мегардад. Тими футзали Тоҷикистон дар як сабад бо дастаҳои мунтахаби Кувайт, Ветнам ва Арабистони Саудӣ қарор гирифта аст.
Ёдовар мешавем, ки 5 дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё ба Қаҳрамонии футзали ҷаҳон, ки соли 2024 дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, роҳхат мегирад.
▪️Сабади 1: Тайланд, Ҷопон, Эрон, Ӯзбекистон
▪️Сабади 2: Тоҷикистон , Кувайт, Арабистони Саудӣ, Ветнам
▪Сабади 3: Ироқ, Баҳрайн, Кореяи Ҷанубӣ, Мянмар
▪️Сабади 4: Қирғизистон, Чин, Афғонистон, Австралия
Қобили зикр аст, ки Ҷоми Осиё -2024 оид ба футзал аз 17-ум то 28-уми апрел миёни 16 дастаи мунтахаб дар Тайланд баргузор мегардад.
