Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи “Ҷоми Мердека-2024” бо яккачини Лубнон бозӣ мекунад

Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи “Ҷоми Мердека-2024” бо яккачини Лубнон бозӣ мекунад
Имрӯз, 4 сентябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур бозиҳои ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2024» баргузор мешаванд.

Дар доираи бозии ниманиҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Лубнон вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ (13:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ Малайзия бо Филиппин ба ҳам меоянд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ рӯзи 8-уми сентябр дар финали мусобиқот ва дастаҳои мағлубшуда дар бозӣ барои ҷойи сеюм рӯ ба рӯйи ҳам мешаванд.