Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон (U-19) дар чемпионати Сafa-2022 бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад

Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон (U-19) дар чемпионати Сafa-2022 бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии Аҳлиддин Турдиев имрӯз, 6-уми август дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар шаҳри Душанбе нахустин бозиашро анҷом медиҳад.

Рақиби дастаи мо ҷавонони Афғонистон хоҳанд буд. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 21:00 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст. Ҳамаи мухлисонро ба тамошои футбол даъват мекунем!

 Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои то 19 сола

Даври 2

6 август (шанбе)

18:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон

21:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ