Имрӯз ғолиби Ҷоми дастаи “Истиқлол” оид ба футболи хурд муайян мешавад
Имрӯз бозии даври ниҳоии Ҷоми бошгоҳи “Истиқлол” оид ба футболи хурд баргузор мегардад. Барои ба даст овардани мақоми аввал дар дидори ниҳоӣ миёни ҳам дастаҳои ВКД ҶТ ва «Олуча такси» андари майдон мегарданд.
Пеш аз бозии финалӣ рақобат барои ишғоли ҷои сеюм миёни тимҳои «Истиқлол» ва «Ориёнбонк» баргузор мегардад. Пас аз анҷоми дидори ниҳоӣ маросими қадрдонии ҷоизадорон ва беҳтаринҳои мусобиқа доир мегардад.
Қобили зикр аст, ки дар бозии даври ниманиҳоӣ мизбонони мусобиқа тими “Истиқлол” бо ҳисоби 0 бар 3 аз дастаи ВКД ҶТ мағлуб шуданд. Дар бозии дигар “Ориёнбонк” бо ҳисоби 1 бар 6 аз тими “Олуча Таксӣ” шикаст хӯрд. Тими “Олуча Таксӣ” барои аввалин бор дар таърихи ин мусобиқа ба финал роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқоти Ҷоми дастаи “Истиқлол”, ки бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст, дастаҳои вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо ширкат намуданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо ҷом, медал ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Дастаҳое, ки барандаи нишони нуқра 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ 20 ҳазор сомонӣ ба даст хоҳанд овард. Беҳтарин бозингарон бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Соли гузашта, дар бозӣ барои мақоми сеюм миёни дастаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва тими «Шабакаҳои барқӣ шаҳри Душанбе» дар вақти асосии дидор дастаҳо натавонистанд ғолибро муайян намоянд (1:1) ва дар задани силсила зарбаҳоҳои пеналтӣ дастаи ФФТ бо ҳисоби 4:3 пирӯз гардид ва соҳиби нишонҳои биринҷӣ шуд.
Дар рақобати ниҳоӣ, ки бо иштироки тамошобинони сершумор доир гардид, дастаи соҳибони мусобиқа «Истиқлол» ва тими «Вавилон» вориди майдон гардиданд. Бозии финалӣ, ки бисёр шадид ва шавқовар гузашт бо пирӯзии дастаи «Вавилон» бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.
