Имрӯз Ҷоми Ҷаҳонии бошгоҳҳо дар Марокаш оғоз мешавад

Имрӯз Ҷоми Ҷаҳонии бошгоҳҳо дар Марокаш оғоз мешавад

Давоми 11 рӯз Марокаш мизбони Ҷоми ҷаҳонии футболи бошгоҳҳо хоҳад шуд. Дар он 6 бошгоҳи манотиқи мухталифи ҷаҳон - ғолибони конфедератсияҳои футболи худ, инчунин тими кишвари мизбони мусобиқот ширкат мекунанд.

Имрӯз  дар Марокаш бозиҳои аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни бошгоҳҳо оғоз мешавад.  Дар мусобиқаи мазкур ҳамагӣ 6 даста -  “Реал Мадрид” аз Испания, “Фламенго”аз Бразилия,  “Окленд Сити” аз Зеландияи Нав бо “Ал-Аҳли” аз Миср, “Сиэтл Саундерс” аз Амрико, “Видад” аз Марокаш  ва “Ал-Ҳилол” аз Арабистони Саудӣ иштирок мекунанд.

Рӯзи 11 –уми  феврал финали мусобика барпо мегардад. Худи ҳамон рӯз бозӣ барои ҷои 3-юм баргузор мешавад, ки дар он ду дастаи дар даври нимниҳоӣ мағлуб шуда, байни худ қавитаринро муайян мекунанд.

Фаворити Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳои  ФИФА ин дастаи  “Реал Мадрид”  мебошад, ки аллакай 4 маротиба дар ин мусобиқа ғолиб шудааст. Ғолиби қаблии мусобиқа дастаи “Челси” маҳсуб мешавад.