Имрӯз "Равшан" бозии якуми худро доир менамояд

Имрӯз  "Равшан" бозии якуми худро доир менамояд

Дар гурӯҳи “Е”-и Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё дастаи "Равшан"-и Тоҷикистон ба ҳайси ғолиби Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол имрӯз бозии аввали гурӯҳии худро дар варзишгоҳи “Дордой-Динамо”-и Бишкек бо “Аҳал”-и Туркманистон баргузор менамояд. Дирӯз бошад, баъди баргузории нишасти хабарии дастаҳо дастаи "Равшан" тамрини расмии худро дар ин варзишгоҳ ба роҳ монд.

Бозии "Равшан" ва "Аҳал" имрӯз соати 19:00 ба вақти Душанбе бе иштироки мухлисон ба роҳ монда мешавад ва мухлисону ҳаводорони футболи тоҷик имкон доранд, ки бозии мазкурро тариқи шабакаҳои ТВ “Варзиш” тамошо кунанд.