Имрӯз қуръакашии марҳилаи гурӯҳии ЛА баргузор мегардад

Имрӯз қуръакашии марҳилаи гурӯҳии ЛА баргузор мегардад

Рӯзи 31-уми август бозиҳои ниҳоии даври 4-уми интихобии Лигаи Аврупо баргузор шуданд. Хамин тавр, ҳамаи иштироккунандагони мархилаи гурӯхӣ маълум гардиданд.

Қуръакашии марҳилаи гурӯҳӣ имрӯз, 1-уми сентябр дар Монако баргузор мешавад. 32 даста ба чаҳор сабад тақсим шудааст.

Сабади A: «Ливерпул», «Вест Хэм» (ҳарду — Англия), «Вилярреал» (Испания), «Рома», «Аталанта» (ҳарду — Италия), «Байер» (Олмон), «Аякс» (Нидерланд), «Рейнҷерс» (Шотландия).

Сабади B: «Бетис» (Испания), «Марсел», «Ренн» (ҳарду — Фаронса), «Спортинг» (Португалия), «Олимпиакос» (Юнон), ЛАСК (Австрия), «Славия» (Чехия), «Карабах» (Озарбойҷон).

Сабади C: «Брайтон» (Англия), «Фрайбург» (Олмон), «Спарта» (Чехия), «Молде» (Норвегия), «Юнион» (Белгия), «Маккаби Х» (Исроил), «Штурм» (Австрия), «Шериф» (Молдавия).

Сабади D: «Тулуза» (Фаронса), «Панатинаикос», АЕК (ҳарду — Юнон), ТСЦ (Сербия), «Серветт» (Швейтсария), «Ракув» (Лаҳистон), «Арис» (Кипр), «Хеккен» (Шветсия).

Ғолиби феълии Лигаи Аврупо «Севиля» мебошад, ки дар финал бар «Рома» аз рӯи пеналтӣ пирӯз шуд (1:1, пеналтӣ - 4:1). Бошгоҳи испанӣ аз рӯи шумораи ҷоизаҳо бо 7 ҷоиза рекордгузори мусобиқа мебошад

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо барои мавсими 2023/24 рӯзи 21 сентябр оғоз мешавад. Даври ниҳоии мусобиқот 14 декабр баргузор мешавад. Аз ҳар гурӯҳ 2 даста ба плей-офф роҳхат мегиранд, инчунин 8 даста аз Лигаи қаҳрамонҳо, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои сеюмро мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки шабакаи “Варзиш” имрӯз соати 16:00 дақиқа маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупоро ба таври мустақим намоиш медиҳад.