"Ин ҷо беҳтарин ҷой, дар сайёра аст.” Писари сафедпӯст дар Кения: достони акси футболи афсонавӣ...

"Ин ҷо  беҳтарин ҷой,  дар сайёра аст.” Писари сафедпӯст  дар Кения: достони акси футболи афсонавӣ...

"Вақте ки ман ба даста дохил шудам, мо капитанамонро ба хок супоридем."

Шумо бояд ин аксро на як бор дида бошед.

Дар он Йон Гвидетти, ҳамлагари шведӣ, ки шумо ҳамчун як истеъдоди ҷавони “Манчестер Сити”  дар ёд доред ва   баъдтар  Ӯ чанд мавсимро дар тими “Селта”  гузаронидааст. Ин акс ва  тамоми кӯдакии Гвидетти воқеан  як ҳикояи аҷиб аст.

Акс  дар кишвари Кения гирифта шудааст, ки ин бачаро ду маротиба дар кӯдакӣ  ба он ҷой оварда буданд: аз се то шашсола ва баъд аз даҳ то дувоздаҳсола. Падари Йон бо як барномаи хайриявӣ  барои кор дар мактаб ба Найробӣ омад буд.

Дар миёни ин  ду сафари  ба Африқо карда, Йон ҳам ба яке аз беҳтарин академияҳои кишвари Шветсия, - «Броммапойкарну» қабул карда шуд. Пас аз бозгашт, Йони 10-сола маҷбур шуд, ки ҳадди аққал дар як кишвари африқоии футболӣ, боз ба  ғайр аз  футбол чизе ҷустуҷӯ кунад.

Гвидетти бо “Ситораҳои сиёҳпӯстӣ  Кибера” , ки як гурӯҳи ҷавонони фақиртарин, гурусна ва ноумедтарин аз маҳаллаҳои фақирнишин маскан гирифт. Ҳама хоҳиши бениҳоят исбот кардани худро доштанд, аз ин рӯ сатҳи муқовимат дуруст баромад.


Дар Кибера зиндагонӣ  бениҳоят сахту сангин  аст. Инро Йон  аллакай дар дарсҳо ва рӯзҳои аввали дар он ҷо буданаш дарк кард. «Вақте ки ман бори аввал ба даста дохил шудам, мо капитанамонро дафн кардем. Вай бо бародараш ғарқ шуд ​​”, -гуфт Гвидетти.

Йон дар даста ягона сафедпӯст буд. Ҳамдастагонаш ҳам, ӯро бе мушкилот қабул карданд. Аввалан, Ӯ худнамоӣ  намекард: агар шарикон пойафзолу  пироҳан  надошта бошанд, Ӯ  пойлуч ва танаи бараҳна  бозй мекард.

Йон  аз рафтан ба маҳалҳои воқеии торик ва муошират бо мардуми маҳаллӣ худдорӣ намекард. Барои дар ҳайати даста будан, ӯ якчанд маротиба кӯчаҳоро тоза карда мекард. Ӯ барои  бо як навъ қуттиҳои картонӣ ва шишаҳо  пур карда буд.

Ҳамин  акс то ба ҳол дар телефони шведӣ нигоҳ дошта мешавад. Ӯ     писари малламуйи лоғар аст,  ки пас аз тамрин дар иҳотаи Кениягиҳо буд. Замоне, ки аз Йон пурсиданд, ки синну соли миёнаи шарикон чанд аст, ӯ танҳо табассум кард: «Рафиқон, ман намедонам. Дар он ҷо шиносномаҳои зиёд набуданд».

Пас аз рафтан ба Аврупо ва оғози корномаи  касбии худ, Гвидетти   бо “Ситораҳои сиёҳ”-ро фаромӯш накард. Боре ба бригадаи собиқ , 80 килограмм лавозимоти варзишӣ  овард. Ҳамчунин Ӯ дар  Кибера ба  обод кардани киштзор ёрй расонид.

“Кения ҷои дӯстдоштаи ман дар рӯи замин аст. Ман мехоҳам вақте, ки касбамро ба анҷом расонам дар он ҷо зиндагӣ кунам. Онҳо ба ман мегӯянд, ки “ман девонаам”. Ман ҳам ҳамвора посух мегӯям, ки  "Гӯш кунед, ин ҷо  беҳтарин ҷой , дар сайёра аст" .

Фаридун Сафарзода