Индзаги тарки “Интер” кард ва ба “Ал-Ҳилол” меравад

Индзаги  тарки “Интер” кард ва ба “Ал-Ҳилол” меравад

Дастаи “Интер” эълон кард, ки Симоне Индзаги аз мақомаш канор рафтааст.

Тибқи изҳороте, ки дар сомонаи расмии дастаи шаҳри Милан нашр шуд, ин қарор бо мувофиқаи тарафайн пас аз мулоқоте, ки имрӯз баргузор гардид, гирифта шудааст.

Қаблан рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар дода буд, ки Индзаги ба ҳайси сармураббии дастаи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ таъйин мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Симоне Индзагии 49-сола аз соли 2021 ба ин сӯ сармураббии тими “Интер” мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ дастаи шаҳри Милан дар мавсими 2023/24 қаҳрамони Италия гардид, ду маротиба ба финали Лигаи чемпионҳо роҳ ёфт, инчунин ду бор Ҷоми Италия ва се маротиба Суперҷоми Италияро ба даст овард.