Инфантино дубора президенти ФИФА интихоб гардид!

Инфантино дубора президенти ФИФА интихоб гардид!

Имрӯз 16-уми март, дар Конгресси 73-юми ФИФА, ки  дар шаҳри Кигалии  Руанда  баргузор шуд, интихоботи президенти ин созмон доир гашт. Ҷанни Инфантино то соли 2027 раҳбари ФИФА таъин шуд, ки қаблан дар ин мақом кор мекард.

Қобили зикр аст, ки Инфантино дар интихобот ягона номзад буд.

Ёдовар мешавем, ки Инфантино дар соли 2016 дар даври дуюми раъйдиҳӣ аз 207 раъйи имконпазир 115 овоз гирифта, президенти  ФИФА интихоб шуда буд. Соли 2019 ӯ дубора ба даври дуюм интихоб шуд.

Президенти собиқи ФИФА - Йозеф Блаттер буд. Соли 2015 баъди он ки Додситонии кулли Швейтсария алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард, ӯро аз мақомаш барканор ва аз футбол маҳрум карда буданд.