Инфантино эҳтимолан аз мақоми президентии ФИФА канор меравад
Рӯзномаи испании Марка панҷ номзади асосиро барои иваз кардани Ҷанни Инфантино дар мақоми президенти ФИФА номбар кард.
Номзадҳо инҳоянд:
Носир Ал-Хелайфӣ - президенти бошгоҳи ПСЖ ва раиси Шӯрои футболи бошгоҳҳои Аврупо (EFC);
Виктор Монталяни - ноиби президенти ФИФА ва президенти Конфедератсияи футболи Амрикои Шимолӣ, Марказӣ ва ҳавзаи баҳри Кариб (CONCACAF);
Александр Чеферин - президенти УЕФА;
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа - президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC);
Патрис Мотсепе - президенти Конфедератсияи футболи Африқо (CAF).
Монталяни ҳамчун яке аз вариантҳои мантиқӣ ба ҳисоб меравад, зеро ӯ ноиби президенти Шӯрои ФИФА буда, дар корҳои дохилии ин созмон хуб ошно аст.
Мӯҳлати охирини пешниҳоди дархостҳо барои номзадҳо 18 ноябри соли 2026 мебошад. Танҳо як иттиҳодияи миллии футбол метавонад номзадро пешниҳод кунад. Номзад бояд дастгирии ҳадди аққал панҷ федератсияро ба даст орад. Интихоботи президентии ФИФА 18-уми марти соли 2027 дар шаҳри Работи кишвари Марокаш баргузор мешавад.