“Интер” бори 21-ум қаҳрамони Италия шуд

“Интер” бори 21-ум қаҳрамони Италия шуд

Дар доираи бозиҳои даври 35-уми Серияи А-и Италия дастаҳои “Интер” ва “Парма” ба ҳам омаданд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Ҷузеппе Меатса”-и шаҳри Милан баргузор шуда, бо пирӯзии соҳибони майдон бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.

Ҳисобро дар дақиқаи 45+1-ум ҳамлагари “Интер” Маркус Тюрам боз кард. Дар қисми дуюм, дар дақиқаи 80-ум нимҳимоятгар Генрих Мхитарян голи дуюми “нерадзурри”-ро ба самар расонид.

Бо ин пирӯзӣ “Интер” пеш аз муҳлат қаҳрамони Италия гардид. Дастаи шаҳри Милан пас аз 35 бозӣ бо 82 имтиёз дар зинаи аввал қарор дорад ва аз наздиктарин таъқибкунандааш тими “Наполи” 12 имтиёз пешсаф аст.

Бошгоҳи “Парма” бо 42 имтиёз дар зинаи 12-уми ҷадвали мусобиқа қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки “Интер” бори 21-ум қаҳрамони Италия шуд. Қаблан, даста солҳои 1909/10, 1919/20, 1929/30, 1937/38, 1939/40, 1952/53, 1953/54, 1962/63, 1964/65, 1965/66, 1970/71, 1979/80, 1988/89, 2005/06, 2006/07, 2007/08, 2008/09, 2009/10, 2020/21, 2023/24 қаҳрамон шуда буд.