“Интер Майами” аз “Чикаго Файр” бидуни Месси мағлуб шуд
«Чикаго Файр» дар бозии мавсими MLS бар «Интер Майами» бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард.
Дар нимаи аввали бозӣ гол зада нашуд. Дар оғози қисми дуюм нимҳимоятгари мизбон Ҷордан Шакири ҳисобро боз кард, вале меҳмонон ба шарофати голи пеналтии Ҷозеф Мартинес қариб дарҳол бозгаштанд. Баъдан ҳимоятгар Марен Хайле-Селасси дар 4 дақиқа дубл кард ва дар охир Шакирӣ голи дуюмашро зад.
"Интер Майами" бидуни Месси барои чаҳорумин бозии пайдарпай дар MLS ғолиб омада наметавонад (ду мағлубият аз "Атланта" (2:5) ва "Чикаго" (1:4), сипас ду мусовӣ бо "Орландо Сити" (1:1) ва "Ню-Йорк Сити" (1:1)).
«Чикаго Файр» 40 хол ба даст оварда, ба зинаи 8-уми ҷадвал баромад. «Интер Майами» дар зинаи 14-ум бо 33 имтиёз боқӣ монд. Пешсафи ҷадвали мусобиқот тими «Синсиннати» бо 65 имтиёз аст. Дар даври баъдӣ дастаи Бекхэм рӯзи 8-уми октябр бо тими «Синсиннати» вомехӯрад.