“Интер Майами” оиди таъйини сармураббии нав эълон кард
Бошгоҳи футболи “Интер Майами” сармураббии нави дастаи асосии хешро таъин кард.
Бошгоҳи амрикоии “Интер Майами” эълон кард, ки бо Кристиан Алберто "Кили" Гонсалес, ки сармураббии нави дастаи асосии клуб хоҳад шуд, ба созиш расидааст. Ӯ расман пас аз гирифтани иҷозатномаи кории дахлдор вазифаҳои худро ба ӯҳда мегирад.
То омадани сармураббии нав ва кормандони ӯ Гилермо Хойос муваққатан роҳбарии дастаро идома хоҳад дод.
"Интер Майами мехоҳад Хойосро барои кор ва садоқаташ ба клуб, ки бо розӣ шудан ба роҳбарии даста дар ин давраи гузариш, ки аз моҳи апрел оғоз шуда буд, нишон дод, ба атври махсус қадрдонӣ ва ташаккур мегӯяд", - гуфта мешавад дар изҳорот расмии бошгоҳӣ.
“Интер Майами” айни замон бо 39 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвали МЛС қарор дорад.