Интихоби нави Кепа аз миёни тимҳои "Реал" ва "Челси"
Дарвозабони «Реал» Кепа Аррисабалага оиди хоҳиши боқӣ монданаш дар сафи «тими шоҳона» ба ҳамешагӣ изҳор намуд.
«Албатта, ман мехостам, ки дар «Реал» бимонам. Кӣ мондан дар ин бошгоҳро намехоҳад? Ман инҷо хеле ва хеле ҳам хушбахтам», – иқтибос меорад аз суханони футболбози испанӣ журналист Фабрисио Романо.
Кепа ба сафи «Реал» аз «Челси» тобистони қаблӣ тариқи иҷора гузариш намуд. Мавсими ҷорӣ дарвозабони 29-сола 9 маротиба дар ҳамаи мусобиқаҳо ба майдон омада, 5 маротиба ба дарвозааш гол сар надод.