Ираклий Узнадзе сармураббии нави тими миллии ҷудои Тоҷикистон таъин шуд
Дар роҳи рушди минбаъдаи ҷудои тоҷик боз як иқдоми муҳим амалӣ гардид. Мутахассиси маъруфи гурҷӣ Ираклий Узнадзе ба ҳайси сармураббии тими миллии ҷудои Тоҷикистон таъин карда шуд.
Узнадзе аз зумраи мураббиёни шинохта ва соҳибтаҷрибаи ҷудои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар тӯли фаъолияти касбии худ роҳбарии тимҳои миллии Гурҷистон ва Туркияро ба уҳда доштааст. Зери роҳбарии ӯ даҳҳо варзишгар дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар Бозиҳои олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва Аврупо, инчунин мусобиқаҳои бонуфузи силсилаи Grand Slam, Grand Prix ва Masters соҳиби медалҳои зиёде шудаанд.
Маҳорати баланди мураббигии Ираклий Узнадзе дар арсаи байналмилалӣ низ эътироф гардидааст. Ӯ ду маротиба аз ҷониби Иттиҳоди Аврупоии Ҷудо (EJU) ҳамчун беҳтарин мураббии ҷудои Аврупо интихоб шуда, ҳамчунин унвони беҳтарин мураббии Гурҷистонро ба даст овардааст.
Таъини чунин мутахассиси варзида барои ҷудои Тоҷикистон қадами ҷиддӣ ва стратегӣ арзёбӣ мешавад. Интизор меравад, ки таҷрибаи ғании Узнадзе дар омодасозии варзишгарони сатҳи баланд ба рушди бештари ҷудои тоҷик мусоидат намуда, сатҳи рақобатпазирии ҷудокорони кишварро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боло барад.
Ҳадафи асосии фаъолияти сармураббии нав тақвияти ҳайати тими миллӣ, тарбияи насли нави ҷудокорон ва омода намудани варзишгарон барои ширкат ва муваффақият дар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё мебошад.
Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки ҷалби Ираклий Узнадзе метавонад барои ҷудои Тоҷикистон марҳилаи нави рушдро оғоз намуда, заминаи ба даст овардани натиҷаҳои назаррасро дар арсаи ҷаҳонӣ фароҳам оварад. Мухлисони варзиш низ умедворанд, ки таҳти роҳбарии мутахассиси пуртаҷрибаи гурҷӣ ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаҳои оянда бо натиҷаҳои арзанда парчами кишварро баланд хоҳанд бардошт.