Ирсолҳои головари Салоҳ ба “Ливерпул” иқбол овард

Ирсолҳои головари Салоҳ ба “Ливерпул” иқбол овард

Бозии даври 5-уми Премйер-Лигаи Англия, ки дар он дастаҳои «Вулверхэмптон» ва «Ливерпул» вохӯрданд, ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи «Молайню»-и шаҳри Вулверхэмптон баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 3 ба суди меҳмонон анҷом ёфт. Бозиро ҳайати доварон таҳти роҳбарии Майкл Оливер доварӣ карданд.

Нахуст, футболбозони дастаи “Вулверхэмптон” ҳисобро бо голи Хван Хи Чхан боз карданд. Ин ягона гол дар қисми аввали бозӣ буд.

Дар ибтидои қисми дуюм «Ливерпул» бо голи Коди Гакпо ҳисобро баробар кард. Ирсоли головарро Муҳаммад Салоҳ анҷом дод. Дар идома боз Салоҳ як ирсоли головари дигарро ба Эндрю Робертсон кард ва дар ҳисоб “мерсисайдҳо” ба пеш баромаданд. Дар лаҳзаҳои охири бозӣ Ҳарви Эллиотт голи худголро ба дарвозаи дастааш зада, ҳисобро 1 бар 3 ба фоидаи “Ливерпул” кард.

Ин ғалабаи чаҳоруми “Ливерпул” дар мавсими имсола буда, ҳоло аз рӯи натиҷаи панҷ бозӣ «Ливерпул» бо 13 имтиёз дар ҷадвали чемпионати Англия ба зинаи аввал баромад. «Вулверхэмптон» бо 3 имтиёз дар зинаи 15-уми ҷадвал қарор дорад.