Исак голи аввалашро дар ҳайати “Ливерпул” дар бозӣ бо “Вест Хэм” ба қайд гирифт

Исак голи аввалашро дар ҳайати “Ливерпул” дар бозӣ бо “Вест Хэм” ба қайд гирифт

Бозии даври 13-уми Премйер-лигаи Англия байни дастаҳои "Вест Хэм Юнайтед" ва "Ливерпул" ба анҷом расид. Бозӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи "Мерсисайдҳо" ба анҷом расид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Лондон баргузор шуд. Довари асосии бозӣ Даррен Ингланд мебошад.

Александер Исак аввалин голашро дар ҳайати “Ливерпул” ба самар расонид. Ҳамлагари шведӣ дар дақиқаи 60-ум гол зад. Дар охири бозӣ, нимҳимоятгари дастаи мизбон Лукас Пакета дар ду дақиқа ду корти зард гирифт, ки пас аз он бразилӣ аз майдон хориҷ карда шуд. Дар дақиқаи 90+2-юм аз ҳайати “Ливерпул” Коди Гакпо гол зада, ҳисобро 2 бар 0 намуд.

Маврид ба зикр аст, ки “Ливерпул” қаблан дар ҳама мусобиқаҳо се бохти пайдарпайро ба қайд гирифта буд.

Ҳоло шогирдони Арне Слот бо 7 ғалаба ва 6 бохт дар ҷадвали мусобиқа 21 имтиёз дошта, дар зинаи 8-ум маскан гирифтаанд. “Вест Хэм” бо бо 11 имтиёз дар зинаи 17-ум аст. “Арсенал” бо 30 имтиёз дар зинаи аввал маскан гирифтааст.