Иштирокчиёни даври ¼ ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2019 муайян шуданд

Иштирокчиёни даври ¼ ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2019 муайян шуданд

Ҳашт дастаи мунтахаби наврасон – Кореяи Ҷанубӣ, Ҳолланд, Мексика, Испания, Бразилия, Фаронса, Италия ва Парагвай ба даври ¼ ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия ҷараён дорад, роҳ пайдо карданд. Ба ин тартиб, дар даври ¼ ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 10-уми ноябр Ҳолланд бо Парагвай ва Кореяи Ҷанубӣ бо Мексика, рӯзи душанбеи 11-уми ноябр Испания бо Фаронса ва Италия бо Бразилия рақобат мекунанд.

Ҷоми ҷаҳон-2019 миёни наврасон (U-17)

Даври 1/4 ниҳоӣ

10-уми ноябр (якшанбе) 

00:30 Нидерланд - Парагвай 

04:00 Кореяи Ҷанубӣ - Мексика 

11-уми ноябр (душанбе) 

00:30 Испания – Фаронса 

04:00 Италия - Бразилия 

Эзоҳ : Замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе.

Нет описания фото.