Иштироки 8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё

Иштироки 8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи  Ҷоми кушоди Осиё

Давоми  ду рӯз (13-14 август) дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022) бахшида ба гиромидошти хотираи Турар Жолдибаев, баргузор мешавад. Аз ҷумҳурии мо 8 нафар ҷудокор сафарбар гардиданд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш хабар додааст.

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон ) байни 197 ҷудокор аз 6 кишвари Осиё доир мешаванд.

Ҳайати дастаи Тоҷикистон:
-66 кг | Акбаралӣ Кенҷаев
-66 кг | Аҳмадҷон Аюбов
-66 кг | Абубакр Шеров
-73 кг | Наврӯз Каримзод
-73 кг | Маҳмудҷон Раҳимов
-81 кг | Ҳайдар Саидкабирзода
-90 кг  | Кароматулло Ҳакимов
-100 кг  | Амирҷони Насимҷон

Барномаи баргузорӣ:
12-уми Август | Ҷумъа
Қуръакашӣ
Оғоз: 14:00

Рӯзи 1 | 13-уми Август | Шанбе
Оғоз: 10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:30
Занон: -48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 кг;
Мардон: -60 кг, -66 кг, -73 кг;

Рӯзи 2 | 14-уми Август | Якшанбе
Оғоз:  10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 17:00
Занон: -70 кг, -78 кг, +78 кг;
Мардон: -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг;

*Вақти Душанбе

•   Барои мақоми аввал - 100 имтиёз, дуюм – 70 ва сеюм - 50 имтиёз дода мешавад.

•   Рақобатҳо мустақиман дар YouTube-саҳифаи Федератсияи ҷудои Қазоқистон ва ТВ "Варзиш" пахш мешаванд.