Иштироки Алкарас дар мусобиқаи US Open-2024 зери суол рафт. Сабаб чист?

Иштироки Алкарас дар мусобиқаи US Open-2024 зери суол рафт. Сабаб чист?

   Иштироки Алкарас дар мусобиқаи "US Open-2024" зери суол рафт. Сабаб чист?

Карлос Алкарас ракеткаи сеюми ҷаҳон, пас аз шикасти ногаҳонӣ аз Гаэл Монфилс дар мусобиқаи "Cincinnati Masters 1000" ба мусобиқаи кушоди "US Open - 2024"  баҳри иштирок кардан омодагӣ дошт. Алкарас ба худ мақсад гузошта буд,ки омори бади худро пушти сар кунад ва бори дуюм барандаи "US Open" гардад . Дар шаҳри Ню Йорк, Алкарас аввалин Ҷоми худро дар мусобмқаи Тоскулоҳи бузург дар соли 2022 ба даст оварда буд.

Пеш аз дебюташ зидди Ли Туи австралиягӣ (дар ҷои 188-ум) Алкараз нақша дошт, ки бо теннисбози аргентинӣ Франсиско Серундоло тамрин кунад. Тибқи иттилои мавҷуда дар рафти тамрин Алкарас ҷароҳат бардошт ва фавран тамрин қатъ карда шуд.Теннисбоз ба утоқи либосивазкунӣ рафт. Ҳоло маълум нест, ки ҷароҳати ин теннисбоз 21-сола то чӣ андоза ҷиддӣ аст.