Иштироки беш аз 45 ҳазор нафар дар “Дави миллӣ” ва “Марафони велосипедронӣ”- и шаҳри Душанбе

Иштироки беш аз 45 ҳазор нафар дар “Дави миллӣ” ва “Марафони велосипедронӣ”- и шаҳри Душанбе

15-уми май  “ Дави миллӣ” ва “Марафони велосипедронӣ”-и дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Имрӯз боду ҳаво гирифта буду барои баргузории ин чорабинии варзишӣ ,ки ҳамасола чун анъана дар сартосари кишвар гузаронида мешавад, мусоиду форам буд.

Дави миллӣ 15-ум маротиба аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.

Дар чорабинии имрӯза беш аз 45 ҳазор нафар аз шаҳри Душанбе ширкат варзиданд ,ки аз ин шумора 17 520 нафарашро бонувон ташкил медоданд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир кардани Рӯзи Дави миллӣ 28 марти соли 2007, №225 ба тасвиб расида, аввалин Дави миллӣ бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли 2007 доир гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ таъмини оммавияти варзиш байни сокинон, новобаста ба синну сол, саломатии аҳолӣ ва рушди варзиш мебошад.

Чун анъана иштирокчиёни Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе дар масири маҳаллаи Чорбоғ – Наврӯзгоҳ, ки масофаи 10 километрро ташкил медиҳад, давиданд.

Ёдовар мешавем , ки Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси президенти мамлакат аз соли 2005 дар рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки соли 2006 дар дави миллӣ ба масофаи 3 километр сарвари давлат ва аъзои ҳукумати кишвар иштирок карда буданд.