Иштироки доварони тоҷик дар семинари байналмилалӣ

Иштироки доварони тоҷик дар семинари байналмилалӣ

Аз 8 то 16 декабри соли равон дар шаҳри Рязани Федератсияи Россия семинари байналмилалӣ барои доварони таеквандои ҷаҳонӣ (WT) доир мегардад. Ба иттилои раиси Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, барои иштирок дар семинари байналмилалии омӯзишӣ 9 довар аз Тоҷикистон ба Рязан сафарбар гардиданд. “Се нафар довари дараҷаи байналмилалӣ – Давлатшоҳ Мирзоев, Вафоназар Алиназаров, Ошӯр Ошурмамадов дар курси такмили ихтисос ширкат мекунанд, шаш нафари дигар – Фирӯз Файзиев, Бахтовар Шарипов, Умед Саъдуллоев, Зиёвуддин Маҳмудов, Фахриддин Ҷумъаев ва Даврон Назруллоев дар семинари омӯзишӣ иштирок карда, сипас барои дарёфти сертификати довари дараҷаи байналмилалӣ санҷиш месупоранд. Дар сурати гузаштан аз санҷиш сафи доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон меафзояд”, - иброз дошт Ҷ. Қармишев.

Феълан дар Тоҷикистон 5 нафар довари дараҷаи байналмилалӣ ҳасанд, ки 3 нафарашон фаъолият мекунанд ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ қувваозмоиҳоро ҳакамӣ менамоянд.

Манбаъ: http://olympic.tj/