Иштироки фаъолонаи варзишгарони тоҷик дар Фестивали байналмилалии варзишҳои донишгоҳӣ дар Екатеринбург

Рӯзи 5-уми Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад. Варзишгарони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов то имрӯз дар ҷудо 1 медали тилло - Абубакр Шеров (-73 кг) , 1 нишони биринҷӣ дар ҳайати даставӣ ва дар бокс 4 медали биринҷӣ - Дилдода Асақалова (-54кг), Шоҳин Ҳигматов (-63,5кг), Диёр Султонов (-75кг), Толибҷон Расулов (-86кг ба даст овардаанд.
Дар бокс, ҳамчунин 4 варзишгарамон Миҷгона Самадова (-57кг), Абубакр Муродзода (-60кг), Расул Аҳадов (-67кг) ва Абдумалик Болтаев (-80кг) ба финал роҳ ёфтанд.
Маврид ба зикр аст, ки Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар аз 19-ум то 31-уми август дар шаҳри Екатеринбурги Русия миёни донишҷӯварзишгарони 36 мамлакат аз рӯи 14 намуди варзиш доир гардида истодааст. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 54 нафар варзишгар аз рӯи 6 намуди варзиш муаррифӣ мекунанд.