Иштироки намояндаҳои ФФТ дар Конгресси ФИФА

Иштироки намояндаҳои ФФТ дар Конгресси ФИФА

Конгресси 70-уми ФИФА, ки мебоист дар Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор мешуд, дирӯз 18 сентябр бо сабаби пандемияи коронавирус тариқи онлайн сурат гирифт. Дар кори Конгресс ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон - Дилшод Ҷуразода ва Алишер Урунов ширкат варзиданд. Федератсияи Байналмилалии Футбол (ФИФА), сарфи назар аз пандемияи коронавирус, сармоягузории худро барои рушди варзиш панҷ маротиба афзоиш дод. Дар ин бора президенти созмон - Ҷанни Инфантино изҳор намудааст. Аъзои Конгресси ФИФА якдилона овоз доданд, ки буҷаи солҳои 2019-2022 ва инчунин соли 2021-ро таҷдиди назар кунад. "COVID-19 боиси барҳам хурдани аксар мусобиқаҳои соли 2020 гардид. Интизор меравад, ки даромадҳо беш аз 200 млн доллар коҳиш ёбанд”, гуфт намояндаи ФИФА Томас Пейер. Бо сабаби пандемия Ҷоми Конфедератсияҳои 2021 ва Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо-2020 бекор карда шуданд. Ёдовар мешавем, ки Конгресси навбатии ФИФА дар Токио баргузор мешавад.