Иштироки таеквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё

Иштироки таеквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо дар ҳайати 7 варзишгар ҷиҳати иштирок дар 24-ум Чемпионати Осиё ба Лубнон сафар кард. Чемпионати Осиё оид ба таеквондо 16-18 июн дар шаҳри Бейрут баргузор мешавад. Дар он иштироки 186 варзишгар аз 30 давлат дар назар аст.

Федератсияи таеквондои Тоҷикистон 7 варзишгар (4 мард, 3 зан)-ро ба Лубнон сафарбар кард:

Мардҳо

1. Шоҳрух Баротов (-58кг)

2. Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-68кг)

3. Хуррам Меҳтаршоев (-74кг)

4. Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-80кг) 

Бонувон

5. Муниса Ойматова (-49кг)

6. Муниса Исматова (-62кг).

7. Моҳру Ҳалимова (-67кг)

Онҳоро дар ин сафар мураббиён Исломиддин Фозилов ва Шамсулло Қодиров намояндагӣ мекунанд. Ҳамчунин ду довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон - Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров мусобиқотро дар ин чемпионат ҳамакамӣ менамоянд. Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, дар арафаи Чемпионати Осиё Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода, ки ҳамзамон ноиби раиси Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон мебошад, аз ҷониби муассисаи таълимии таеквондо – Куккивон дар Сеул бо камарбанди дани 6-ум (нозири байналмилалӣ) сарфароз гардид.