Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар Қазоқистон

Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар Қазоқистон

10-12 феврал дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Остона, яке аз муҳимтарин чорабиниҳои варзишии Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё – Чемпионати Осиё дар иншооти пӯшида-2023 баргузор мешавад.

Ин 10-ум Чемпионати Осиё дар иншооти пӯшида хоҳад буд. Чорабинӣ бояд 11-13 феврали соли гузашта доир мегашт, аммо бо сабаби пандемияи COVID-19 як сол мавқуф гузошта шуд.

Интизор меравад, ки беш аз 500 варзишгар аз 31 кишвари қора аз рӯи 26 риштаи варзиши сабук рақобат кунанд.

Аз ҷумла дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 6 нафар - Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода ва Мирзозода Мирсаид – ба Остона сафарбар гардидаанд. Қабл аз чемпионат даста дар шаҳри Остона ба ҷамъомади тамринӣ фаро гирифта шуданд.

Дар чемпионат занону мардон дар дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, 1500м, 3000м, 60м бо монеаҳо, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, тела додани гулӯла, панҷҳарба (бонувон), ҳафтҳарба (мардон) ва эстафетаи 4х400м рақобат мекунанд.

Сарчашма: КМОТ