Иско директори варзишии «Севиля»-ро ба ҳуҷумкунӣ айбдор кард

Иско директори варзишии «Севиля»-ро ба ҳуҷумкунӣ айбдор кард

Нимҳимоягар Иско дар мавриди сабаби ҷанҷолҳо бо директори варзишии «Севиля» Рамон Мончи сухан кард. Футболбоз дастаи испаниро моҳи декабри соли 2022 тарк намуда буд.

«Замоне Лопетеги аз даста рафт ва равзанаи зимистонаи трансферӣ наздик мешуд, дар бошгоҳ чизҳои зиёди аҷиберо мушоҳида мекардам. Нахуст намояндаи маро даъват карданд, то ки бидуни баррасии пешакӣ бо ман роҳи ҳалле бароям пайдо кунанд. Аз ин рӯ вақте дар бораи ин фаҳмидам, ҳамоно барои сӯҳбат назди Мончи рафтам. Ба ӯ гуфтам: «Гӯш кун, ман намедонам, чӣ рух дода истодааст, ту маро дӯст медорӣ ё не, вале нисбати ман ростқавл бош ва вазъро бидуни ягон мушкил ҳал мекунем. Ман дар ихтиёри туям».

Намедонам чӣ бӯҳрони иқтисодие «Севиля» дошта буд, вале баъди сӯҳбат кулли чиз дигаргун шуд. Ман одатан мехостам андешаи бошгоҳро бифаҳмам. Баъди ин сӯҳбат Мончи пайваста мегуяфт, ки ман рафтам мехоҳам, вале ин нодуруст буд. Ҳар рӯз бароям ва адвокатам занг мезад ва моро ба қатъкунии шартнома маҷбур мекард. Аз ин рӯ бори дигар барои сӯҳбат ба наздаш рафтам ва гуфтам: «Гӯш кун, Мончи, ту нисбати ман ва одамоне, ки бо онҳо дар масъалаи ман гап мезанӣ, ростқавлона рафтор намекунӣ. Ман мехоҳам дар даста бимонам, ту бошад доим мегӯӣ, ки ман рафтан мехоҳам».

Сипас муноқишаи хурде сар зад… Ман ба ӯ гуфтам, ки ӯ дурӯғгуйтарин инсонест, ки ман дар олами футбол вохӯрдаам ва ӯ ба ман дарафтод. Ба наздам омад ва аз гулӯям қапид. Мо ба мубориза бархостем, вале моро аз ҳам ҷудо намуданд. Чӣ тавре Шумо медонед, баъди ин қазия бидуни ҳеҷ ҳолате онҷо мондан нахостам. Аз як ҷониби афсӯс мехӯрдам, зеро муносибатҳои хубе бо ҳамдастагонам доштам ва мухлисон низ нисбатам рафтори нағз доштанд, вале худро дар бошгоҳ роҳат эҳсос намекардам, ҷое, ки директори варзишӣ ба ман ҳуҷум мекунад», — иқтибос меорад аз суханони Иско Marca.