Исломҷон Тошпулотов беҳтарин бозигар ва Никола Лазаревич беҳтарин мураббии моҳи июн дар Лигаи Олӣ дониста шуданд

Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббиро дар моҳи июн дар Чемпионати Тоҷикистон-2024 маълум кард.
Бозигари дастаи “Хуҷанд” Исломҷон Тошпулотов беҳтарин бозигари моҳ эътироф гардид. Ӯ дар се аз чор вохӯрии дастааш беҳтарин бозигари дидор муайян гардида, 4 гол ба самар расонидааст.
Сармураббии “Истиқлол” бошад Никола Лазаревич беҳтарин мураббии моҳ эътироф мегардад. “Истиқлол” зери роҳбарии ӯ дар чор бозӣ 12 имтиёз ба даст оварда, пешсафии ҷадвалро нигоҳ медорад.
Ҷоизадорони Лигаи олии кишвар аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ ҳар кадоме қадрдонӣ мешаванд.