Ислом Зоиров ба Премйер-лига рафт

Ислом Зоиров ба Премйер-лига рафт

Ҳамлагари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва дастаи “Локомотив-Памир” Ислом Зоиров диққати дастаи Премйер-лигаи Россия — “Химки”-ро ба худ ҷалб кардааст. Як қатор нашрияҳо ва шахсони наздик ба футболбоз хабар медиҳанд, ки Зоиров айни ҳол дар ин даста қарор дорад ва аз марҳилаи санҷишӣ гузашта истодааст. Сармураббии «Химки» собиқ бозингари мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи “Помир”-и Душанбе — Игор Черевченко мебошад. Хотиррасон мекунем, ки тобистони гузашта Зоиров имкон дошт, ки бо дастаи “Спартак-2” шартнома бандад, аммо бо сабабҳои номаълум ин трансфер амалӣ нашуд.