Исми Марадона дар "Наполи" абадан боқӣ мемонад
Номи варзишгоҳи хонагии бошгоҳи “Наполи” ба ифтихори собиқ нобиғаи бошгоҳ Диего Марадонаи аргентинӣ иваз карда мешавад. Инро шаҳрдори Неапол - Луиҷи де Магистрис дар "Твиттер" -и худ хабар дод.
Санаи 11-уми ноябр Марадона аз беморхона рухсатӣ шуда буд. Диего бори охир дар назди мардум рӯзи 30-юми октябр дар бозии даври 1-уми чемпионати Аргентина дар бозӣ байни дастаҳои "Гимнасия ва Эсгрима" бо "Патронато" (3:0), ки ба ифтихори 60-солагии Марадона бахшида шуда буд, ташриф оварда буд. Диего бинобар асари бемории худ то анҷоми бозӣ дар майдон боқӣ намонд. Марги Марадонаи бузург натанҳо ҷаҳони футбол балки ҷаҳонро такон дод.