Исоқҷонов ва Давлатов беҳтаринҳои моҳи апрел дар Лигаи олӣ эълон шуданд
Ҳамлагари ӯзбек Исломбек Исоқҷонов ва сармураббии дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе Файз Давлатов дар Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии моҳи апрел дониста шуданд. Дар ин бора Лигаи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Моҳи апрел нимҳимоятгари КМВА Исломбек Исоқҷонов се гол зада, айни замон аз зумраи нишонзанҳои беҳтарини чемпионати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон КМВА моҳи апрел бо роҳбарии Файз Давлатов чор бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш пирӯзӣ ба даст овардааст. Онҳо дар сафар «Вахш» (1:0), «Эсхата» (2:0) ва «Равшан» (1:0)-ро мағлуб намуда, дар хона бар «Барқчӣ» (2:1) зафар ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки барои ҷоизаҳо беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии моҳи апрел дар Чемпионати Тоҷикистон-2026 аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо 3000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.