Ҳисоби мусовӣ зери борони шаҳри Манчестер

Ҳисоби мусовӣ зери борони шаҳри Манчестер

Бозии марказии даври 6-уми ПЛА дидори дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Челси” ба ҳисоб мерафт. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олд Траффорд” баргузор шуд. Дар рафти бозӣ ҳавои боронӣ, ки хоси Англия аст ба ҷараёни рақобат таъсири худро гузошт. Дар нимаи аввали рақобат имконияти голзании дастаи шаҳри Манчестрро дарвозабони лондониҳо Эдуард Менди барбод зад. Ӯ зарбаи Решфордро бартараф кардан тавонист.

Дар нимаи дуввум бозиро ба пуррагӣ бозигарони “МЮ” идора мекарданд. Дарвозабони “Челси” дар қисми дуввум ҳам бозии боваринок нишон дода, дастаашро бе голи сардода гузошт. Лондониҳо дар нимаи дуюм ҳатто як зарбаи мустақим ҳам назаданд. Эдинсон Кавани дар ин бозӣ дебют кард ва 2 ҳолати хуби голзанӣ дошт.

Ҳамин тариқ дастаҳо ба дарвозаи ҳам гол назаданд. Аввалин бор баъд аз соли 2015 дастаҳои “Челси” ва “МЮ” дарвозаи ҳамдигарро рахна кардан натавонистанд.