Испания ба рекорди Италия наздик шуд...
Мунтахаби Испания дар бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 мунтахаби Португалияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, силсилаи бозиҳои бидуни бохти худро ба 35 адад расонд.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Эй-ти-энд-ти”-и шаҳри Арлингтони иёлати Техаси ИМА баргузор шуда, онро довари англис Энтони Тейлор ҳакамӣ кард.
Қаҳрамони вохӯрӣ нимҳимоятгар Микел Мерино гардид, ки дар дақиқаи 90+1 ягона голи бозиро ба самар расонда, пирӯзиро ба тими худ ҳадя кард.
Бо ин пирӯзӣ, Испания беҳтарин натиҷаи худро аз соли 2009 ба ин сӯ сабт кард. Дар ин давра тими миллии Испания аз 35 бозӣ 26 пирӯзӣ ба даст оварда, 9 вохӯриро мусовӣ анҷом додааст.
Ҳоло мунтахаби Испания то рекорди мутлақи Италия, ки тӯлонитарин силсилаи бидуни бохт дар сатҳи мунтахаб ба ҳисоб меравад, ҳамагӣ ду бозӣ фосила дорад.
Агар испаниҳо дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 бар муқобили Белгия пирӯз шаванд, силсилаи бидуни бохти онҳо ба 36 бозӣ мерасад ва онҳо натиҷаи мунтахаби Аргентинаро, ки солҳои 2019–2022 ба ин дастовард ноил шуда буд, такрор хоҳанд кард.
Испания дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 рӯзи 10-уми июл бо мунтахаби Белгия барои роҳхат ба марҳилаи нимниҳоӣ рақобат мекунад.