Испания бори аввал мизбони Чемпионати Аврупо оид ба волейбол мешавад
Шаҳри Лас-Палмаси Испания мизбони бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Аврупо оид ба волейболи занона-2028 хоҳад шуд. Дар ин бора Конфедератсияи волейболи Аврупо (CEV) дар сомонаи расмии худ хабар додааст.
Ин бори аввал дар таърих аст, ки Испания мизбони Чемпионати Аврупо оид ба волейбол миёни дастаҳои калонсолон мегардад.
Тибқи иттилои CEV, мусобиқаи соли 2028 дар маҷмӯъ дар чор кишвар баргузор мешавад. Ба ҷуз Испания, номи се кишвари дигари мизбон ҳанӯз эълон нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Аврупо оид ба волейболи занона-2026 дар кишварҳои Туркия, Озарбойҷон, Чехия ва Шведсия баргузор хоҳад шуд.
Қаҳрамони феълии Аврупо тими миллии Туркия мебошад. Волейболбозони турк дар финали соли 2023 мунтахаби Сербияро дар як рақобати пуршиддат бо ҳисоби 3:2 (25:27, 25:21, 22:25, 25:22, 15:13) шикаст дода, бори аввал унвони қаҳрамони Аврупоро соҳиб шуда буданд.