Испания мизбони финали Лигаи Аврупо-2022

Испания мизбони финали Лигаи Аврупо-2022

Иттиҳодияи Ассотсиатсияҳои Футболи Аврупо (УЕФА) шаҳрҳоеро эълон кард, ки дар онҳо чор финали Лигаи Аврупо баргузор хоҳад шуд. Марҳилаи ниҳоии 2022 дар Севиля, 2023 дар Будапешт, 2024 дар Дублин ва 2025 дар Билбао баргузор мешавад. Билбао инчунин дар соли 2024 мизбони ниҳоии Лигаи Чемпионҳои Занон хоҳад буд. Хотиррасон мекунем, ки Дублин ва Билбао бинобар маҳдудияти коронавирус натавонистанд бозиҳои Евро-2020 -ро баргузор кунанд. Қаблан УЕФА шаҳрҳоеро номбар карда буд, ки дар онҳо чаҳор финали  Лигаи Чемпионҳо баргузор мешавад.