Испания пас аз 16 сол боз қаҳрамони ҷаҳон гардид
Мунтахаби Испания дар финали Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 бар Аргентина бо ҳисоби 1:0 пас аз вақти иловагӣ ғалаба карда, бори дуюм дар таърих қаҳрамони ҷаҳон гардид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Метлайф”-и Ист-Ратерфорди ИМА баргузор шуд.
Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Ҷолиб он аст, ки Аргентина дар тӯли 90 дақиқа ягон зарба ба самти дарвозаи рақиб назад, ки чунин ҳолат бори аввал дар таърихи финалҳои Ҷоми ҷаҳон рух дод. Дар лаҳзаҳои охири вақти асосӣ Энсо Фернандес корти сурх гирифт ва Аргентина бо як нафар камтар бозиро идома дод.
Дар вақти иловагӣ, дар дақиқаи 106-ум, Ферран Торрес голи ягона ва ғалабаовари Испанияро ба самар расонд. Ферран Торрес беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо ин пирӯзӣ Испания пас аз қаҳрамонии соли 2010, бори дуюм соҳиби Ҷоми ҷаҳон шуд.
Беҳтаринҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2026 низ аз ҷониби ФИФА муайян шуданд. Беҳтарин бозигар - Родри аз ҳайати Испания, беҳтарин дарвозабон - Унай Симон аз ҳайати Испания, беҳтарин бозигари ҷавон - Пау Кубарси аз ҳайати Испания, беҳтарин нишонзан - Килиан Мбаппе бо 10 гол аз ҳайати Фаронса, беҳтарин нишонзани марҳилаи интихобӣ - Эрлинг Ҳоланд бо 16 гол аз ҳайати Норвегия ва ҷоизаи Fair Play насиби тими мунтахаби Нидерланд гардид.