Испания рекорди ҷаҳонии Италияро шикаст!
Мунтахаби Испания пас аз пирӯзӣ бар Аргентина дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 силсилаи бебохтии худро ба 38 бозӣ расонида, рекорди нави ҷаҳонро рақам зад.
Дишаб, дар варзишгоҳи “Метлайф”-и шаҳри Ист-Ратерфорди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бозии финалии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 баргузор гардид. Дар ин рақобати ҳалкунанда тими миллии Испания дар вақти иловагӣ бо ҳисоби 1:0 бар Аргентина ғалаба карда, бори дуюм қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Бо ин пирӯзӣ испаниҳо силсилаи бебохтии худро ба 38 бозӣ расонида, рекорди пешини мунтахаби Италияро, ки аз 37 бозии пайиҳами бидуни мағлубият иборат буд, паси сар карданд.
Охирин шикасти мунтахаби Испания моҳи марти соли 2023 сабт шуда буд, вақте ки онҳо аз тими миллии Шотландия бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуданд. Аз ҳамон вақт то имрӯз “Фурияи сурх” дар 38 бозӣ ягон бохтро ба қайд нагирифтааст. Мунтахаби Испания дар 38 бозӣ, 29 пирӯзӣ ба даст оварда, 9 вохӯриро мусовӣ анҷом додааст.
Ин натиҷа боз як далели равшани бартарии мунтахаби Испания дар солҳои охир буда, дастаи Луис де ла Фуэнтеро ба яке аз муваффақтарин тимҳои таърихи футбол табдил медиҳад.