Испания ва Аргентина дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026

Испания ва Аргентина дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026

Пас аз анҷоми ҳар ду бозии даври нимниҳоӣ, ҷуфти финалии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 муайян шуд. Барои унвони қаҳрамони ҷаҳон мунтахабҳои Испания ва Аргентина, ки яке қаҳрамони Аврупо ва дигаре қаҳрамони Амрико аст, мубориза хоҳанд бурд.

Бозии ҳалкунандаи мусобиқа рӯзи 19-уми июл дар варзишгоҳи машҳури “МетЛайф” дар шаҳри Ист-Ратерфорд, иёлати Ню-Ҷерсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 23:50 ба вақти Душанбе дар назар гирифта шудааст.

Испания роҳхати финалро пас аз пирӯзии 2:0 бар мунтахаби Фаронса ба даст овард. Шогирдони Луис де ла Фуэнте дар марҳилаи плей-офф пеш аз ин инчунин Австрия (3:0), Португалия (1:0) ва Белгия (2:1)-ро низ шикаст дода буданд.

Аз ҷониби дигар, қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон — Аргентина дар марҳилаи нимниҳоӣ бо ҳисоби 2:1 мунтахаби Англияро мағлуб кард. Аргентиниҳо дар марҳилаҳои қаблӣ низ аз садди Кабо-Верде (3:2), Миср (3:2) ва Швейтсария (3:1 пас аз вақти иловагӣ) гузашта буданд.

Ҳамин тавр, мухлисони футбол шоҳиди финали бисёр ҷолиб хоҳанд шуд. Испания, ки пас аз 16 сол барои унвони дуюми қаҳрамонии ҷаҳон мубориза мебарад, бар зидди Аргентина, ки мехоҳад унвони қаҳрамони ҷаҳонро ҳифз намуда, бори дуюм пайиҳам соҳиби Ҷоми ҷаҳон гардад.

Дастаҳои Испания ва Аргентина як маротиба дар қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон дар таърих бо якдигар бозӣ кардаанд. Моҳи июли соли 1966 ин вохӯрӣ ба қайд гирифта шудааст, ки Аргентина бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯзӣ ба даст овардааст. Охирин маротиба дастаҳои Аргентина ва Испания моҳи марти соли 2018 дар бозии дӯстона бо ҳамдигар бозӣ карда буданд, ки испаниҳо бо ҳисоби 6 бар 1 ба пирӯзӣ расида буданд.

Финали имсола шоҳиди рақобати ҷолиби Ламин Ямал ва Лионел Месси хоҳад шуд. Ҳамчунин, ин ҳамон рӯёрӯиест, ки мебоист дар мусобиқаи Финалиссима баргузор мегардид, аммо он рақобат лағв шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, бозии барои ҷойи сеюм миёни мунтахабҳои Фаронса ва Англия рӯзи 19-уми июл баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Аргентина мебошад. Аргентиниҳо дар финали Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар Қатар пас аз мусовии ҳаяҷонбахши 3:3 мунтахаби Фаронсаро дар силсилаи пеналти (4:2) мағлуб карда, соҳиби ҷоми ҷаҳон гардида буданд.