Истаравшан” ба силсилабохтҳои пайиҳамаш дар Лигаи олӣ нуқта гузошт

Истаравшан” ба силсилабохтҳои пайиҳамаш дар Лигаи олӣ нуқта гузошт

Бозии  мавқуфмондаи даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ байни дастаҳои “Истаравшан” ва “Эсхата” баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳои дар варзишгоҳи “Истаравшан Арена” доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Бозӣ миёни дастаҳои “Истаравшан” ва “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд, ки дербии Суғдзамин маҳсуб мешавад бо иштироки зиёди ҳаводорони футбол доир гашт. “Истаравшан”, ки мавсими равон наметавонист имтиёз ба даст биёрад, билохира ба ин силсиланокомиҳо нуқта гузошт ва 3 имтиёзи заруриро  муқобили “Эсхата” ба даст овард.

Истаравшаниҳо   дар 6 бозии охир натиҷаи на он қадар хуб нишон медиҳанд ва дар таҳхонаи ҷадвал маскан гирифтаанд.  Бошгоҳи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд дар чанд бозии охира кӯшиш дорад то имтиёз аз даст надиҳад. Онҳо имрӯз ҳам ба ғалаба наздик буданд, лек ҷилави бозиро то ба охир дар худ нигоҳ дошта натавонистанд.

Лигаи Олӣ | Даври 9-ум

«Истаравшан» 2:1  «Эсхата »

Голҳо: Дилшод Бозоров, 11 (0:1). Отабек Каримов, 42 (1:1). Амирҷон Сафаров, 68 (2:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Отабек Каримов («Истаравшан»).

22-юми июн, варзишгоҳи «Истаравшан Арена»

#TajikistanFootballLeague #TajikistanLeague #TFL #CocaCola